Шарҳи якҷояи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» дар Душанбе

Январь 27, 2017 17:35

ДУШАНБЕ, 27.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шарҳи якҷояи соли шашуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» имрӯз дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни Саммити-6 дастовардҳои умумӣ ва мушкилоти татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ва саҳми шарикони рушд таҳлил гаштанд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода зикр кард, ки соли 2016 дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯйдодҳои зиёд ба амал омаданд.
«Ҷаласаи имрӯза барои ноил гардидан ба дастовардҳои нав ва ҳамкории судманд мусоидат мекунад. Дар ҳама соҳа асоси рушд таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ мебошад. Солҳои охир дар доираи стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳо қабул гардиданд», — илова намуд Насим Олимзода.
Исфандиёр Маҳмудзода, сардори раёсати ислоҳоти КАДС ва робитаҳои байналмилалии вазорат баён дошт, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2010 «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» қабул гардид, ки яке аз самтҳои асосии муайянкунадаи соҳаи тандурустӣ ҳамин ҳуҷҷат мебошад. «Ин ҳуҷҷат чор самти муайян дорад, яъне хизматрасонии тиббӣ, захираҳои инсонӣ, маблағгузорӣ ва идоракунии тандурустӣ мебошад, ки ҳар сол дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, кормандони соҳа ҷамъбаст гардида, пешниҳод, мушкилот ва роҳи ҳалли онҳо маҳз дар ҳамин ҷаласа баррасӣ мешаванд»,-илова намуд Исфандиёр Маҳмудзода.
Иштирокчиёни ҷаласа, аз ҷумла дастовардҳо ва мушкилоти татбиқи қисмати «Идоракунӣ», «Хизматрасониҳои тиббӣ» ва «Захираҳо»-ро таҳлил намуданд.

Январь 27, 2017 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад