Шариф Раҳимзода нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро ба гумрукчиён тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 20.01.2017/АМИТ «Ховар»/. «Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар пайкест аз фардои дурахшони Тоҷикистон», гуфт зимни тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Шариф Раҳимзода-раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия дар ҷамъи роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таъкид гардид, ки Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, дар даврае пешниҳод гардид, ки Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, мардуми кишварамон ба сӯи ояндаи нек қадамҳои устувор мегузоранд.
Воқеан, Паёми Пешвои миллат тамоми самтҳои фаъолияти мардуми кишварро фаро гирифта, барои ҳар яки мо роҳнамои асосии зиндагӣ маҳсуб мешавад.
Шариф Раҳимзода иброз дошт, ки дар Паёми Пешвои миллат масъалаҳои муҳими марбут ба вазъи иқтисодии мамлакат, хусусан аз ҷониби Ҳукумат андешидани тадбирҳои иловагӣ дар самти риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгирӣ ва ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва рушди соҳибкорӣ таъкид гардидааст.
Дар ин росто Хуршед Каримзода, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зикр кард, ки кормандон ва ҳайати шахсии мақомоти гумруки кишвар Паёми Пешвои миллатро ҳамчун роҳнамо ва сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати рушди самтҳои асосии фаъолияти мақомоти гумрук ва ноил гардидан ба рушди устувор донишу малака ва кордонии худро равона мекунанд.








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд






