Шариф Шарифзода: 70 нафар омӯзгорон соҳиби замин гардиданд

Январь 18, 2017 17:10

ХУҶАНД, 18.01.2017. /АМИТ Ховар/. Соли 2016 бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои дастгирии омўзгорони муассисаҳои таълимии маркази вилоят ба 70 нафар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд, ки 12 нафарашон мутахассисони ҷавон мебошанд. Дар ин бора Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода имрўз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Инчунин дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Суғдиёни маркази вилоят барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандони ниёзманд як бинои 9-ошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар соли сипаригашта дар миқёси шаҳри Хуҷанд 41 ҳазору 837 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудааст.

Январь 18, 2017 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд