Шералӣ Ҷононов бо Муҳаммад Ашраф маҷмӯи масъалаҳо оид ба истифодаи захираҳои обро муҳокима карданд

Январь 11, 2017 16:53

ДУШАНБЕ, 11.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов 10 январ  бо Раиси Шӯрои Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба омӯзиши захираҳои об, профессор Муҳаммад Ашраф мулоқот намуд. Дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳо оид ба истифодаи захираҳои об муҳокима гардиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, профессор Муҳаммад Ашраф изҳор намуд, ки Покистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардидани Қатънома оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро, ки ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, истиқбол менамояд. Таъкид гардид, ки ташаббуси мазкур ба пешрафти соҳаи дипломатияи об мусоидат карда, дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамчун заминаи устувор дар ҳалли масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои об хидмат хоҳад кард.
Ҷонибҳо инчунин ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ бо мақсади ширкати муштарак дар татбиқи даҳсолаи мазкур изҳори омодагӣ намуданд.

Январь 11, 2017 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад