Шермуҳаммад Шоҳиён: «Ба судҳо аризаҳои зиёд вобаста ба муносибатҳои оилавӣ ворид мегарданд»

Январь 16, 2017 17:46

ДУШАНБЕ, 16.01.2017. /АМИТ Ховар/. Соли гузашта доир ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд» нисбат ба зиёда аз 4 ҳазору 300 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбат ба 8577 нафар ҷаримаи маъмурӣ таъйин карда шуд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зикр намуда, иброз дошт, ки дар маҷмӯъ доир ба риоя накардани қонуни мазкур судҳо тақрибан 14 ҳазор парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ карданд.
Ба иттилои Шермуҳаммад Шоҳиён, дар соли 2016 ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаҳои  зиёд вобаста ба муносибатҳои оилавӣ ворид гардиданд. Аз ҷумла, наздик ба 42 ҳазор аризаҳо ворид гардида, зиёда аз 37 ҳазор парвандаҳо баррасӣ карда шуданд.
Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ ба судҳо 10 571 парвандаҳои ҷиноятӣ ворид шуда, 10 ҳазору 40 адади онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.  Дар маҷмӯъ дар соли 2016 аз тарафи мақомоти судии кишвар 149 ҳазору 274 адад парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрочиёни судҳо баррасӣ карда шудаанд. Ин шумора нисбат ба соли 2015 10 ҳазору 988 адад зиёд мебошад.

Январь 16, 2017 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад