Ширкатҳои ҳавонавардии кишвар фаъолияти худро дар партави Паёми Пешвои миллат ба роҳ мемонанд
ДУШАНБЕ, 12.01.2017./АМИТ «Ховар»/. Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар 12 январ дар ҷаласаи муштараки кормандони сохтор ва ширкатҳои ҳавонавардии миллии кишвар, назири ҶСК «ТоҷикЭйр», «СомонЭйр», «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа Абдурашид Кишварзода, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, Икромҷон Мавлонов, муовини аввали директори ҶСК «ТоҷикЭйр» ва Раҳимҷон Саидов, муовини директори КВД «Аэронавигатсия» доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар намуданд.
«Ҳамаи мо шоҳиди заҳмату талошҳои беандозаву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри якпорчагии кишвар, сулҳу салоҳ ва фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум ва таъмини рушду нумӯи соҳаву сохторҳои давлатии малакат ҳастем», зикр кард Прокурори нақлиёти ҷумҳурӣ Абдурашид Кишварзода. Мавсуф афзуд, ки Паёми Пешвои миллат ба Парлумони кишвар санади муҳими таърихӣ буда, дар самтҳои афзалиятноки дурнамои рушди соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ дарҷ гардидааст. Таъкид гардид, ки дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ мардуми тоҷик таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини рушди бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар ҷаласа доир ба ҷанбаҳои муҳим, бахусус тамоюли татбиқи се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ махсус таъкид гардидаанд, яъне ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтарин самтҳои сиёсати дохилии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани Қатънома доир ба Эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз иқдомоти наҷиби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Таъкид шуд, ки бахши сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат ба Парлумон мавқеи хос дошт, зеро Тоҷикистон бо сиёсати пешгирифтаи худ дар арсаи байналмилалӣ, ки сиёсати «дарҳои боз» аст, тамоми падидаҳои некро дар дипломатияи байналмилалӣ мепазирад. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне сиёсати «дарҳои боз» дар Паёми Пешвои миллат «дастоварди бузурги давлати миллии мо» арзёбӣ гардидааст. Ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ мақом ва ҷойгоҳи устувори худро соҳиб аст.
«Кормандони «ТоҷикЭйр» дар самти иҷрои қонуну қарорҳо ва Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ бо истифода аз тамоми зарфиятҳо садоқатмандона фаъолият намуда, баҳри амалӣ намудани нақшаҳои рушди иқтисодиёт ва пешрафти кишварамон саҳми муносиб мегузоранд», таъкид кард муовини аввали директори ҶСК «ТоҷикЭйр» Икромҷон Мавлонов. Мавсуф афзуд, ки дар назди роҳбарият ва кормандони «ТоҷикЭйр» вазифаҳои асосӣ меистанд. Инҳо харидории ҳавопаймоҳои калонҳаҷм тариқи лизинг, дарёфти роҳҳои самарабахши таъмиру хизматрасонии техникӣ ва таъмини коршоямии парвози ҳавопаймоҳо, тақвияти бехатарӣ ва ноил шудан ба мунтазамии парвозҳо, ворид намудани технологияҳои муосир дар истеҳсолот, зиёд кардани хатсайрҳо ва кам кардани қарзҳои кредиторӣ ва дебиторӣ мебошанд. Таъкид гардид ки кормандони сохтору ширкатҳои ҳавонавардии миллии кишвар фаъолияти худро дар партави нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат ба роҳ монда, бо истифода аз таҷриба ва малакаю донишҳо дар рушди бахши ҳавонавардии кишвар, бахусус инфрасохтори он саҳми муассир мегузоранд.











Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






