«Ширкати NIKA.SD.GROUP SP.ZO.O» — и Ҷумҳурии Полша 300 шаҳрванди кишварро ба кор даъват кардааст

Январь 20, 2017 16:08

ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» -и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Ширкати NIKA.SD.GROUP SP.ZO.O» — и Ҷумҳурии Полша созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Тибқи созишномаи мазкур шаҳрвандони хоҳишманди кишварамон бо ихтисосҳои дӯзанда (аз ҳисоби занон), сохтмончӣ (хиштчин) ва кормандони беихтисос метавонанд, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба ин кишвар сафарбар гарданд.
Дар ин бора Холбибӣ Ҳасанова, муовини директори Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, зикр кард, ки ширкати мазкур зиёда аз 300 ҷойи кориро ба Агентӣ пешниҳод намудаст.
«Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти бештар дар ин бора тавассути сомонаи www.khorija.tj ба Агентӣ муроҷиат намоянд», — илова намуд Х.Ҳасанова.

Январь 20, 2017 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд