Шуъбаи Корхонаи протезӣ-ортопедӣ дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизоти тиббӣ ва истеҳсолӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд

Январь 18, 2017 17:12

ДУШАНБЕ, 18.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. 17 январи соли равон дар шаҳри Хуҷанд маросими анҷомёбии «Лоиҳаи таъмири бинои шуъбаи Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) Корхонаи протезӣ-ортопедии шаҳри Душанбе дар шаҳри Хуҷанд» баргузор гардид.
Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи Барномаи кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) амалӣ шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷопон барои шуъбаи КВД Корхонаи протезӣ-ортопедии шаҳри Душанбе дар шаҳри Хуҷанд бо маблағи умумии 83,975 доллари ИМА ҳамчун грант маблағгузорӣ шудааст.
Тавре аз Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Фонди махсуси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх барои кумак расонидан ба одамони имконияташон маҳдуд иҷро шудааст. Ин созмон ҷараёни барқарорсозии биноро назорат карда, баъди таъмир онро бо таҷҳизоти тиббӣ ва истеҳсолӣ муҷаҳҳаз гардонид. Ҳоло бинои шуъбаи КВД Корхонаи протезӣ-ортопедии шаҳри Душанбе дар шаҳри Хуҷанд пурра таъмир гашта, одамони маъюб аз вилояти Суғд метавонанд дар он ҷо муолиҷаи физиотерапевтӣ ва барқарорсозӣ гирифта, протезҳоро таъмир намоянд.

Январь 18, 2017 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст