Шуъбаи наҷот ва беҳискунии беморхонаи марказии ВМКБ таъмиру таҷҳизонида шуд
ХОРУҒ, 19.01.2017. /АМИТ Ховар/. Бо кумаки молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ шуъбаи наҷот ва беҳискунии беморхонаи марказии ВМКБ таъмир ва бо таҷҳизоти тиббӣ ва асбобу анҷоми маишӣ таъмин гардид. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Мудири ин шуъба Файзмамад Мирзобеков гуфт, ки қаблан низ утоқҳои табибону ҳамшираҳои шафқат чанд бор таъмир карда шуд, аммо ба иллати намии ҳаво шифти утоқҳо зуд корношоям мегашт ва аз худ бӯи ғализ хориҷ мекард.
«Дар таъмири навбатӣ бо истифода аз масолеҳи махсуси сохтмонӣ ин мушкил аз байн бардошта шуд. Ҳар як утоқи корӣ бо компютер, мизу курсӣ ва дастгоҳҳои обгармкунӣ таъмин карда шуданд»,-иброз дошт мудири шуъба.
Дар чанд соли охир бунёд ва навсозии шуъбаҳои беморхонаи вилоятӣ бо суръат идома дорад. Ҳоло бо иқдоми «Барномаи ҷонибдории рушди иҷтимоии манотиқи кӯҳистон» бунёди бинои баландошёнаи ташхисгоҳи муосири тиббӣ идома дорад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






