Шукурҷон Зуҳуров ба Арабистони Саудӣ меравад

Январь 20, 2017 14:46

ДУШАНБЕ, 20.01.2016./АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 21 январ ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо сафари расмӣ ба Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ меравад.
Интизор меравад, ки Шукурҷон Зуҳуров дар Ал-Риёз бо раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, муовини якуми раиси Шӯрои вазирони ин кишвар, раиси фонди Саудии Рушд ва дигар шахсони воломақоми Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқот намояд. Сафари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ то 27 январ идома ёфта, ба ҳайат раисони кумитаҳо ва вакилони палатаи поёнии Парлумон кишвар шомиланд.
Муҳаммадато Султонов- котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафар ба Арабистони Саудӣ ҳамзамон аз маконҳои фарҳангӣ ва таърихии ин кишвари арабӣ дидан менамояд.

Январь 20, 2017 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд