Шукурҷон Зуҳуров ба интихобкунандагон Паёми Пешвои миллатро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта ҷиҳати ташреҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои водии Рашт вохӯрии раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо интихобкунандагон доир гардид. Дар ин бора масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водии Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар мулоқотҳо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода, дар мавриди се самти асосии стратегияи миллӣ- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ сухан ронд. Мавсуф афзуд, ки дар амал татбиқ гардидани се ҳадафи миллӣ имкон фароҳам меоранд, то зиндагии мардум ва вазъи иқтисодии кишвар беҳтар шавад. Ҳадафи дигари наздиктарини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии мамлакат мебошад, яъне аз кишвари аграрӣ- индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ- аграрӣ табдил додани Тоҷикистон аст ва мо ба ин марҳилаи таърихӣ рӯз ба рӯз наздиктар мешавем.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






