Силсилаи бозиҳои бебохти «Реал»-ро «Севиля» вайрон кард

Январь 16, 2017 17:51

ДУШАНБЕ, 16.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар бозии даври 18-уми Ла Лигаи Испания КФ «Севиля» дар майдони худ «Реал»-и Мадридро бо натиҷаи 2:1 мағлуб карда,  силсилаи рекорди бебохтии дастаи «Реал»-ро, ки ҳафтаи гузашта дар ин роҳ «Барселона»-ро пеш гузашта буд, пора кард. Криштиану Роналду дар нимаи дуюми вохӯрӣ аз зарбаи пеналтӣ ҳисобро кушод. 5 дақиқа пеш аз поёни вақти асосӣ муҳофизатгари «Реал» Серхио Рамос тӯбро ба дарвозаи дастааш зада (атогол), натиҷаро баробар кард.  Дар дақиқаи 2-юми вақти иловагӣ аз масофаи дур Стеван Йоветич бо зарбаи олӣ голи ғолибиятро ба дарвозаи «Реал» равон карда,  дастаашро ба ғалаба раҳнамун сохт.
Ин ғалабаи «Севиля» фарқи холҳояшро бо «Реал» дар чемпионати Испания ба як адад баробар кард.
Бори охирин «Реал» ҳанӯз моҳи апрели соли 2016 дар бозиҳои ¼-ниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо аз КФ «Волфсбург»-и Олмон мағлуб шуда буд. (0:2). Баъди ин бохт «Реал» дар 30 бозӣ ғалаба карда, 10 вохӯриро мусовӣ ҷамъбаст кард. Ҷамъ дар 40 вохӯрии бебохт рекорди нав гузошт. Пештар ин дастовард ба КФ «Барселона» (39) тааллуқ дошт.

Ҷадвали Чемпионати (Ла Лига) Испания то имрӯз чунин аст:

М  Клуб Б Ғ М Б Т/т И
1  РЕАЛ МАДРИД 17 12 4 1 46-16 40
2  СЕВИЛЯ 18 12 3 3 38-22 39
3  БАРСЕЛОНА 18 11 5 2 47-17 38
4  АТЛЕТИКО 18 10 4 4 32-14 34
5  ВИЛЯРРЕАЛ 18 8 7 3 26-12 31
6  РЕАЛ СОСЕДАД 17 9 2 6 28-25 29
7  АТЛЕТИК 18 8 4 6 22-19 28
8  СЕЛТА 18 8 3 7 29-32 27
9  ЭЙБАР 18 7 5 6 25-24 26
10  ЛАС-ПАЛМАС 18 6 6 6 27-29 24
11  ЭСПАНОЛ 18 5 8 5 22-25 23
12  АЛАВЕС 18 5 7 6 15-18 22
13  БЕТИС 18 6 3 9 20-30 21
14  МАЛАГА 17 5 6 6 26-29 21
15  ДЕПОРАТИВО 18 4 6 8 23-28 18
16  ЛЕГАНЕС 18 4 5 9 13-29 17
17  ВАЛЕНСИЯ 17 4 4 9 26-33 16
18  СПОРТИНГ 18 3 3 12 19-37 12
19  ГРАНАДА 18 1 7 10 15-39 10
20  ОСАСУНА 18 1 6 11 17-38 9
Январь 16, 2017 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид