Содироти маводи фаъоли биологӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ба миқдори 110 миллиону 37 ҳазор сомонӣ
ДУШАНБЕ, 11.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 фаъолияти 1470 муассисаи фарматсевтӣ ва 200 муассисаи табобатию пешгирӣ санҷида шуд. Ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фарматсевтии ҷумҳурӣ 1545 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 152 509 адад аз муомилот гирифта шуданд. Аз инҳо 685 номгӯй маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта ба миқдори 8600 адад, 853 номгӯй маводи дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 143538 адад ва 7 номгӯй маводи дорувории ба таври қочоқ ба ҷумҳурӣ воридшуда ба миқдори 371 адад мебошанд. Дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Саида Умарзода, муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷараёни нишасти мазкур зикр кард, ки сол то сол содироти маводи фаъоли биологӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ зиёд мегардад. Танҳо дар 4 соли охир ва соли равон ширкатҳои ватанӣ ба маблағи зиёда аз 110 миллиону 37 ҳазор сомонӣ маводи фаъоли биологии аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ истеҳсолгардидаро содирот намуданд.
Зикр шуд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 22 корхонаи ватанӣ истеҳсоли зиёда аз 200 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро ба роҳ мондаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






