Сокинони ноҳияи Сангвор аз Паёми Пешвои миллат ҷонибдорӣ карданд
САНГВОР, 17.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳ додани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати Рустам Ҳайдаров, доктори илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юнус Юсуфӣ- муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Нарзулло Каримов- устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар ҷамоатҳои деҳоти Сангвор, Вахё, Тавилдара ва Чилдараи ноҳияи Сангвор бо аҳолӣ вохӯрию суҳбатҳо доир намуданд. Дар ин бора масъулини ноҳияи Сангвор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Меҳмонон ҳадаф ва муҳтавои Паёми навбатии Сарвари давлатро ба мардум возеҳу равшан фаҳмониданд. Сокинони ноҳия изҳор доштанд, ки тамоми қувваю ғайрати хешро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, равона намуда, барои ободию шукуфоии Тоҷикистон пайваста хизмат менамоянд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






