Соли 2016 дар Суғд 98 коргоҳи нав бо 2,5 ҳазор ҷои корӣ ташкил гардид

Январь 17, 2017 16:51

ХУҶАНД, 17.01.2016. /АМИТ Ховар/. Имрӯз, 17 январ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар толори Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Дар он беш аз 60 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят дар соли 2016 зикр намуд, ки то 1 январи соли 2017 қисми даромади буҷети вилоятӣ ба андозаи 102,9% ва нақшаи ҷамъоварии андозҳо 101,8% иҷро гардида, соли сипаригашта аз ҷониби коргоҳҳои саноатии вилоят ба маблағи 6,9 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Ҳаҷми истеҳсоли он нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 — 139,5 фоизро ташкил дод.
Ҳамзамон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят соли 2016 вобаста аз имкониятҳои мавҷуда 98 адад корхонаҳои нави саноатӣ бо теъдоди 2,5 ҳазор ҷойи нави корӣ ба кор андохта шуда, аз 110 номгӯй маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда истеҳсоли 72 намуд афзуд. Аз 622 коргоҳи саноатии ҳисоботдиҳанда 330 корхона сатҳи истеҳсоли маҳсулоташонро баланд бардоштанд.
Раиси вилоят иттилоъ дод, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақша дорад соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии коргоҳҳои вилоятро бо истифода аз иқтидори истеҳсолӣ то ба 1 миллиард доллари ИМА расонад.
Вобаста дар самти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ А. Қодирӣ баён дошт, ки гардиши савдои хориҷии вилоят 1,8 млн доллари амрикоиро ташкил дода, ҳоло вилояти Суғд бо 59 мамлакат, аз ҷумла 10 кишвари ИДМ ва 49 мамолики хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Январь 17, 2017 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд