Соли 2016 дар ВМКБ 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуданд

Январь 17, 2017 17:04

ХОРУҒ, 17.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Танҳо дар як соли гузашта дар шаҳру навоҳии ВМКБ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 16 муассисаи нави таълимӣ дар ихтиёри омӯзгорону хонандагон вогузошта шуд. Соли равон боз 5 бинои нави муассисаҳои таълимӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати маорифи вилоят Эраҷ Ҷонмирзоев иттилоъ расонда, афзуд, ки дар Паёми солонаи Пешвои миллат низ бори дигар ба рушд ва тавсеаи соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Дар давоми чанд соли охир дар ҷумҳурӣ 2500 биноҳои хурду бузурги таълимӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосири технологӣ муҷаҳаз гардонида шуданд. Агар ба дурдасттарин деҳоти манотиқи кишвар сафар кунед, мебинед, ки биноҳои муассисаҳои таълимӣ бо тарҳу шакли зебои худ аз дигар биноҳо фарқ мекунанд. Шароити таҳсил воқеан беҳтар гардид ва ҳоло вақти он расидааст, ки сифати таълимро ба талаботи замони муосир мутобиқ созем.
Дар ин бора Пешвои миллат дар Паёми солонаи худ ёдоварӣ карда, таъкид намуданд, ки «дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯй ба талаботи замони муосирро тарбия намоем».

Январь 17, 2017 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд