Соли 2016 нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар вилояти Суғд барзиёд иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 18.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар вилояти Суғд 101,8 фоиз иҷро гардид. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Бино ба маълумоти Абдураҳмон Қодирӣ, дар соли 2016 суръати афзоиши соҳаи саноат дар шаҳру ноҳияҳо таъмин гардида, дар вилояти Суғд 98 адад корхонаҳои нави саноатӣ бо 2,5 ҳазор ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6,9 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати рушди соҳаи саноат 149 фоиз таъмин гардид.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






