Соли 2016 пешгўиҳои шабонарўзӣ тартиб дода шуданд, ки дурустии онҳо 87%-ро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 17.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 365 пешгўиҳои шабонарўзӣ тартиб дода шуданд. Дурустии онҳо 87%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3% зиёд мебошад. Ин нуктаро Хайрулло Ибодзода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иброз дошт. Мавсуф гуфт: «26 пешгўии зуҳуроти хавфноки метеорологӣ тартиб дода шуд ва дурустии онҳо низ 87%-ро ташкил дод».
Инчунин номбурда зикр кард, ки айни замон аз 56 шабакаи обуҳавошиносӣ дар 49-тои он мушоҳидаҳо гузаронида шуда, мувофиқи реҷа маълумот дар бораи обу ҳаво ба марказ ворид мегардад. Аз шумораи умумии 96 дидбонгоҳҳои обченкунӣ дар 85-тои онҳо мушоҳидаи реҷаи дарёҳо гузаронида шуда, дар 36 дидбонгоҳ сарфи оби дарёҳо чен карда шуданд».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






