Соли 2017 ҳаҷми андози моҳонаи патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар баъзе минтақаҳои Федератсияи Россия тағйир ёфт

Январь 17, 2017 16:50

ДУШАНБЕ, 17.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2017 ҳаҷми андози моҳонаи яке аз ҳуҷҷатҳои асосии иҷозатдиҳандаи фаъолияти меҳнатӣ, яъне патент дар баъзе минтақаҳои Федератсияи Россия тағйир ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар доданд.
Тибқи маълумоти расмӣ, шаҳрвандони хориҷӣ барои фаъолияти меҳнатӣ аз рӯйи патент аз ҳама зиёд дар Ҳавзаи Шарқи Дур маблағ пардохт мекунанд. Дар соли равон маблағи моҳонаи андоз дар Ёқутистон (Якутия) ба 8762 рубл ва дар Ямал ба 8219 рубл баробар карда шуд. Ин нишондод қариб ду баробар аз ҳисоби миёнаи андози патент дар Россия зиёд аст. Имсол дар баъзе минтақаҳо нархи патент ба таври назаррас боло рафт. Масалан, дар вилояти Свердловск аз 2860 рубл ба 3662 рубл боло шуд, ки нисбат ба соли 2016-ум 800 рубл зиёдтар аст. Дар 6 минтақа, аз ҷумла вилоятҳои Москва, Кемерово, Калуга, Омск ва шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург нишондоди андози патент бетағйир монд. Дар вилояти Орлов (аз 3172 то 3075) ва кишвари Забайкалйе (аз 4269 то 4265), баръакс ҳаҷми андоз коҳиш дода шуд. Дар вилояти Ленинград ҳаҷми андоз ба миқдори 1 рубл, аз 3000 рубл то 2999 рубл поин фароварда шуд.
Мувофиқи қонунгузории федералӣ муқарраркунии ҳаҷми андози моҳонаи патент шурӯъ аз 1 январи соли 2015 ба салоҳияти маъмуриятҳои минтақавӣ вогузор карда шудааст. Тибқи тартибот ҳаҷми андози патент бояд ба андози музди миёнаи меҳнати сокинон маҳаллӣ баробар бошад.
Дар асоси моддаи 5 Кодекси андози ФР «меъёрҳои қонунгузорӣ оид ба андоз» на пештар аз 1 моҳи нашри расмии он ва на дертар аз санаи 1-уми мавсими нави андоз қувваи қонунӣ пайдо мекунанд. Дар баъзе минтақаҳо, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Ингушистон, Кабардино-Балкар, Мари Эл, Хакасия, вилоятҳои Калуга, Киров, Саратов ва Чукотка мақомоти маҳаллӣ то 30 ноябри соли 2016 меъёрҳои дахлдори қонунгузориро қабул карда натавонистанд. Дар минтақаҳои номбаршуда то ин муддат меъёрҳои мазкур дар ҳолати лоиҳа қарор доранд ва ин маънои онро дорад, ки аз 1 январи соли 2017 дар минтақаҳои зикршуда ҳаҷми андоз бетағйир боқӣ мемонад.

Январь 17, 2017 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад