Соли гузашта Агентии хоҷагии ҷангал 177 санад оид ба шикори бе иҷозат тартиб дод
ДУШАНБЕ, 24.01.2017. /АМИТ Ховар/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Азизулло Исматзода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки соли 2016 хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди назди хоҷагиҳои ҷангал 1,2 млн. бех ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкан ва ороиширо ба маблағи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ба фурӯш бароварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 134 ҳазор бех ниҳол ва ба маблағи 291 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
«Соли гузашта аз ҷониби сохторҳои Агентӣ дар масоҳати 860 гектар замин ҷангалзор бунёд гардида, барқароркунии ҷангалҳо дар масоҳати 1180 гектар ба анҷом расидааст. Ин нисбат ба соли пешин 53 гектар зиёд мебошад»,- илова намуд Азизулло Исматзода.
Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки соли гузашта аз ҷониби сохторҳои Агентӣ 17-18 намуд гиёҳҳои шифобахш ҷамъоварӣ гардид, ки дар маҷмӯъ 30 тоннаро ташкил медиҳад. Агентӣ барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш имкониятҳои бештар дорад ва ин миқдорро дар сурати аз ҷониби ширкатҳои дорусозӣ пешниҳод гардидани фармоиш метавонад зиёд намояд.
Раҷабалӣ Шарипов, муовини директори Агентӣ зикр кард, ки дар давоми соли 2016 аз тарафи кормандони хоҷагиҳои ҷангал 2051 санад оид ба қонунвайронкуниҳои қонунгузории ҷангал ба маблағи зиёда аз 385 ҳазору 400 сомонӣ зарар тартиб дода шудааст, ки аз ин 335 ҳазору 400 сомонӣ (87%) барқарор гардид.
«Аз ин қонунвайронкуниҳо 177 санад, ки маблағи 29, 1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ба шикори бе иҷозат рост меояд», — илова намуд Р.Шарипов.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






