Суди Олии иқтисодӣ ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмон рӯзноманигоронро ба нишасти матбуотӣ даъват мекунанд
ДУШАНБЕ, 17.01.2017. /АМИТ Ховар/. Пагоҳ, 18 январи соли 2017 Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Дар нишастҳои матбуотӣ роҳбарони ин сохторҳо аз дастовард ва камбудиҳои фаъолияташон дар соли 2016 ба хабарнигорони ВАО ҳисобот ва ба суолҳояшон посух медиҳанд.
Хотиррасон менамоем, ки нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 9:00 дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ, 37, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 9:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар», Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мегарданд.
Барои гузаронидани нишастҳои матбуотӣ вазорату идораҳо метавонанд бо маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» бо рақами телефони 918-21-52-04 тамос гиранд.








Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд






