Султон Раҳимзода: «Қабули Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» аз сиёсати муваффақи Президенти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад»

Январь 4, 2017 09:44

sulton-rahimzoda-0ДУШАНБЕ, 4.01.2017. /АМИТ «Ховар»/.  21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро барои солҳои 2018-2028 бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд.
Бояд гуфт, ки эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардид. Қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуд, ки он аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Доир ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Султон Раҳимзода, муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои об ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Пешниҳоди эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз куҷо сарчашма мегирад?

Султон Раҳимзода: Пешниҳоди мазкур бори нахуст аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об пешниҳод гардида буд.

Зимни суханронӣ дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ, ки бо иштироки зиёда аз 30 ҳазор нафар роҳбарону намояндагон, сиёсатмадорону мутахассисон ва олимону коршиносони соҳавии ҷаҳон, ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ ва дигар мақомоту ташкилоти манфиатдор баргузор гардид,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба раванд ва натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ибрози ақида намуда, саҳми арзандаи ин Даҳсоларо барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи васеи ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаҳои об, тавсеаи ҳамкорӣ дар самти тақвият бахшидани  зарфияти ташкилотҳои соҳаи об, муҳайё намудани заминаи хуб барои гузариш ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ва ноил гардидан ба ҳадафи ҳафтуми ҳадафҳои Рушди ҳазорсола, ки  то соли 2015 ду баробар кам кардани шумораи аҳолии ба оби нӯшокии безарар ниёздоштаро талаб мекард, таъкид намуданд.

Ҳамзамон Пешвои миллат изҳор доштанд, ки бо вуҷуди дастовардҳои хеле зиёд ва саҳми муносиб касб намудан дар ҳалли масъалаҳои об тазоду  таҳдидҳои муосир, аз қабили афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, норасоии об, касалиҳои сироятӣ, муноқишаҳои сиёсӣ ва дигар чолишҳои марбут ба ин нагузоштанд, то ҳама аҳдофи Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» пурра иҷро гарданд.

Бо назардошти ин, Президенти муҳтарами кишвар ҷиҳати тақвият додани дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, неруи тоза бахшидан ба равандҳои ҷаҳонии соҳаи об, хусусан, муҳайё сохтани платформаи иловагӣ ҷиҳати мусоидат ба иҷрои ҳадафҳои рушди устувор дар қисмати об, эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал зери шиори «Об барои рушди устувор»-ро пешниҳод намуданд, ки он аз ҷониби ширкаткунандагони ин Форуми бонуфуз ҳамаҷониба пазируфта шуд. Ҳамчунин зарурати эълон доштани Даҳсолаи нав дар доираи Конфронси  байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», 2005-2015 ва Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора таъкид шуд ва мавриди ҷонибдории иштироккунандагони ин чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ қарор гирифт. Ин пешниҳод дар ҳуҷҷатҳои ниҳоии ҳамоишҳои мазкур дарҷ гардида, ба Маҷмаи Умумии СММ манзур карда шуд.

Хушбахтона, бо заҳмату талош ва машваратҳои пайваста бо намояндагони кишварҳои узви СММ қатънома оид ба Дахсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018-2028,  21 декабри соли 2016 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул карда шуд, ки он аз  сиёсати муваффақи Президенти мамлакат ва Ҳукумати кишвар дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

АМИТ «Ховар»: Ҳадафи аслии қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 чист ва он барои Тоҷикистон ва ҷаҳон чӣ аҳамият дорад?

Султон Раҳимзода: Мақсади асосии қатъномаи мазкурро муҳайё сохтани механизм ва платформаи иловагӣ барои мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар қисмати об ва дигар аҳдофи марбут ба оби дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқагардида ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, қатънома талаб менамояд, ки кишварҳои узви СММ, созмонҳои байнидавлатӣ ва тамоми ҷонибҳои манфиатдор ба рушди устувори захираҳои об таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об баҳри тавсеаи ҳамкорию иштирок дар ҳама сатҳҳо, ҷалб ва татбиқи барномаҳову лоиҳаҳои соҳаи об талош варзанд.

Бо назардошти ин, дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул гардидани қатъномаи мазкур, як платформаи муҳимро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об муҳайё месозад, ки дар татбиқи амалии аҳдофу  вазифаҳои марбут ба оби ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.  Илова ба ин, қатъномаи мазкур захираҳои молиявӣ, кумакҳои техникии гуногунро муттаҳид гардонида, истифодаи самараноки захираҳои молиявии мавҷударо барои татбиқи ҳадафҳои марбут ба захираҳои оби рушди устувор тавсия менамояд ва барои ҷалби бештари маблағҳои сармоягузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун шароит фароҳам меоварад. Мавриди зикр аст, ки сармоя ва маблағгузорӣ дар соҳаи об, хусусан, барои рушди инфрасохтори об, яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои соҳаи об мебошад ва интизор меравад, ки қабул гардидани  Даҳсолаи нав ба ин раванд такони ҷиддӣ ва неруи тоза мебахшад. Ҷаҳони имрӯза ба мушкилоти зиёди марбут ба об мувоҷеҳ аст. Айни замон ҳудуди 800 миллион нафар ба оби нӯшокии безарар дастрасӣ надошта, интизор меравад, ки бо назардошти афзоиши тадриҷии  аҳолӣ то соли 2030 қариб 40%-и аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор гарданд.

Истифодаи нодурусти об дар соҳаи кишоварзӣ, ки 70 фисади захираҳои обро ташкил медиҳад, ба шўршавии тақрибан 20%-и заминҳои обёрӣ оварда расонидааст, ки дастёбии бехатарии озуқавориро дар оянда зери шубҳа мегузорад. Зеро айни замон наздики 60 фисади захираҳои озуқаи ҷаҳонӣ маҳз тавассути обёрии кишоварзӣ истеҳсол карда мешаванд.

Мушкилоти дигари мубрам дар соҳаи об ин дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани ҳамкории байнидавлатӣ оид ба истифодаи обҳои фаромарзӣ мебошад. Бояд изҳор дошт, ки ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ 45 фисади қисмати хушкии дунёро фаро гирифта, дар ҳудуди онҳо зиёда аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҳавзаҳо 145 кишвари дунё ҷойгир буда, бе ҳамкории зич ҳалли масъалаҳои марбут ба об ва дар ин замина таъмини сатҳу сифати муносиби зиндагӣ барои аҳолии онҳо мушкил мегардад.

Мудирияти беҳтари об, истифодаи самараноки захираҳои об, тавсеаи ҳамкориву ширкат, тақвияти амалҳои зеҳниву молиявӣ ва техникии ташкилотҳои марбут ба об ва афоиши маблағгузорӣ дар ин самт, ки аз ҳадафҳои муҳими Даҳсола ба шумор мераванд, барои ҳалли масъалаҳои мазкур мусоидат намуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин манфиатҳои зиёд хоҳад дид.

Мавриди зикр аст,  ки мақсаду аҳдофи пешбининамудаи  Даҳсола бозгўи талаботи имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, 177 кишвари дунё ҳаммуалифи қатънома гаштаанд, ки ин нишондиҳандаи муҳим ва саривақтӣ будани ташаббуси неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Барои Тоҷикистон соҳаи захираҳои об яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба ҳисоб рафта, дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии он нақши муҳим мебозад. Солҳои охир бинобар таъсири омилҳои гуногун, аз қабили гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, бо сабаби афзоиши аҳолӣ зиёд гардидани талабот ба захираҳои об, рушди иқтисод, коҳиш ёфтани захираҳои об зери таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши ҳолатҳои фавқулодаи гидрометеорологӣ ва ғайра ин соҳаи муҳим бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуда истодааст.

Ҳукумати кишвар барои ҳал намудани мушкилоти мазкур кӯшиш ба харҷ дода, дар ин раванд чандин стратегия, барнома ва нақшаҳои рушд қабул ва лоиҳаҳои зиёд мавриди амал қарор гирифтаанд.

Тавре Пешвои миллат зимни суханронии хеш дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии  амалиёт «Об барои ҳаёт», 2005-2015 иброз доштанд, танҳо дар давраи солҳои 2005-2015 ба соҳаи оби кишвар зиёда аз 1,7 миллиард доллари ИМА равона карда шуда, сатҳи обтаъминкунии зиёда аз 1,5 миллион нафар аҳолии кишвар беҳтар гардонида шудааст.

initsiator

Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори зиёда аз 900 МВт, обёрии заминҳои нав дар майдони наздики 20 ҳазор гектар, беҳтар сохтани ҳолати мелиоративии ҳазорҳо гектар заминҳои кишоварзӣ ва сохтмони даҳҳо иншооти дигари гидротехникӣ (аз ҷумла, барои соҳилмустаҳкамкунӣ) ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум саҳми муносиб гузоштанд. Бо вуҷуди ин, дар соҳаи оби кишвар ҳанўз мушкилоти зиёд ба назар мерасад ва зарурати  дучанд намудани талошу заҳматро барои ҳалли онҳо талаб менамояд,  ки дар ин раванд талошҳои Ҳукумати кишвар кофӣ набуда, густариши ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ дар ин самт ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.

Лозим ба зикр аст, ки қабули қатъномаи нави Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 барои ҳалли ин масъалаҳо мусоидат намуда, интизор меравад дар доираи он шаҳри Душанбе боз мизбони чандин ҳамоишҳои бузурги ҷаҳонӣ бо иштироки сиёсатмадорону сармоягузорон ва олимону коршиносони ҷаҳон  гардад.

Чунин чорабиниҳо барои муаррифӣ намудани Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги об ва иқтидори гидроэнергетикӣ, манзараҳои зебову дилрабо ва табиати нотакрор, амну суботи ҳукмфармо ва пайгири ҳамкории қавию  судманд бо кишварҳои ҳамсоя дар ҳаллу фасли масъалаҳои об шароит фароҳам меоварад, ки он барои бартараф намудани мушкилоти соҳаи обу энергетика ва рушди сайёҳии кишвар мусоидат менамояд.

Нуқтаи муҳими дигарро бояд зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои қаблии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла оид ба эълон доштани Соли байналмилалии оби тоза, 2003, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», 2005-2015 ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013 мақоми хосса ва обрўю эътибори баланд касб намудааст. Роҳбарону намояндагони кишварҳои дунё, ниҳодҳои СММ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва молиявӣ имрўзҳо аз ташаббусҳои неки Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ҳарф зада, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар барои талошҳои пайваста ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об дар рўзномаи ҷаҳонии рушд изҳори эҳтиром ва сипос менамоянд.

Бо назардошти талошу заҳматҳои пайвастаи хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда, барои узвият дар Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки аввали соли 2016 бо ташаббуси Муншии кулли СММ ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ таъсис шуда буд, даъват гардидааст.

Танҳо 11 нафар сарони Ҳукумат ва кишварҳо аъзои ин Панел буда, дар доираи он тамоми масъалаҳои марбут ба обро дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ ва пайгирӣ қарор медиҳанд. Узвияти Тоҷикистон дар ин Панел, бешубҳа, шаҳодати эҳтиром ва обрӯву эътибори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»: Оё Даҳсолаи нав метавонад дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мусоидат намояд?

Султон Раҳимзода: Дар Тоҷикистон захираҳои об асоси захираҳои энергетикии кишвар ба ҳисоб мераванд. Аз иқтидори  гидроэнергетикии кишвар, ки дар ҳаҷми 527 млрд. кВт.соат баҳогузорӣ карда шудааст, имрўз ҳамагӣ 3-4 фисади он истифода карда мешавад. Яъне захираҳо барои аз худ кардани ин сарчашмаи неруи аз лиҳози экологӣ тоза ва аз лиҳози иқтисодӣ нисбатан арзон хеле зиёданд. Айни замон, зиёда аз 98 фисади неруи барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ба гидроэнергетика рост меояд. Тавре Президенти муҳтарами кишвар зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, Тоҷикистон дар рўйхати шаш кишвари пешсафи дунё оид ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи дунё қарор дорад. Бо назардошти ин, рушди минбаъдаи соҳаи энергетика аз самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар дониста мешавад.

Чуноне ки аз номи он бармеояд, Даҳсолаи «Об барои рушди устувор», фарогири масъалаҳои рушди устувор дар робита ба об мебошад.  Мусаллам аст, ки бе энергетика таъмин намудани ҳеҷ гуна рушд имконпазир нест. Ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об, ки гидроэнергетика низ як ҷузъи ҷудонопазири он ҳисобида  мешавад, бояд  дар ҳамбастагӣ бо энергетика мавриди назар қарор дошта бошанд. Қатъномаи нави СММ оид ба Даҳсола низ дар навбати худ аз ин ҳамбастагӣ зикр менамояд. Барои Тоҷикистон, ки манбаъҳои дигари маъмули энергетикӣ аз қабили нафту газ хеле маҳдуданд, сарчашмаи асосии неруи барқ захираҳои об ба шумор мераванд. Асоси рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи кишварро ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ, тақвияти зарфияти ташкилотҳои миллӣ дар соҳаи энергетика, ташкили заминаи хуби ҳуқуқиву институтсионалӣ ва густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва созмонҳои байналмилаливу молиявӣ ташкил менамоянд.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон зимни Паёми хеш  иброз доштанд, ки ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ дар се соли оянда аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати кишвар дониста мешавад. Интизор меравад, ки Даҳсолаи «Об барои рушди устувор», ки ҳадаф аз он бештар кардани маблағгузорӣ ба соҳаи об ва рушди ҳамкорӣ барои ноил гаштан ба рушди устувор мебошад, барои боз хам бештар намудани  таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шарикони рушд, инчунин сармоягузорон барои рушди соҳаи энергетикаи кишвар низ мусоидат хоҳад кард.

АМИТ «Ховар»: Даҳсолаи нав танҳо ба нафъи Тоҷикистон аст ва ё метавонад барои кишварҳои минтақа низ аз манфиат холӣ набошад? 

Султон Раҳимов: Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 бо иттифоқ қабул гардидааст, ки он нишони дастгирии ҳама кишварҳои узви СММ мебошад. Метавон гуфт, ки ҳадафу вазифаҳои Даҳсола барои ҳама кишварҳои аъзо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, муҳим арзёбӣ мегардад. Дар  ҳоле ки рушди устувори захираҳои об тавассути мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, тавсеаи ҳамкорию ширкат дар ҳама сатҳҳо, ҷалби маблағҳо ва сармоя, татбиқи барномаву лоиҳаҳо дар соҳаи об  ҳадафҳои асосии  Даҳсолаи нав маҳсуб меёбанд, бешубҳа, мусоидат ба ҳалли ин масъалаҳо ба манфиати кишварҳои Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Мебояд гуфт, ки дар ин минтақа захираҳои об барои ҳалли бисёр масъалаҳои муҳим нақши калидӣ дошта, аз ин хотир дастрасӣ ба онҳо, мудирият ва истифодаи оқилонаву самараноки онҳо эътибори хоса касб менамояд. Яке аз нуктаҳои муҳими марбут ба об дар минтақаи Осиёи Марказӣ- ин ҳамкорӣ оид ба мудирият ва истифодаи обҳои фаромарзӣ мебошад. Захираҳои оби минтақа асосан дар қаламрави ду кишвари болооб – Тоҷикистон (қариб 60%) ва Қирғизистон (зиёда аз 25%) ташаккул ёфта, истифодаи онҳо (зиёда аз 80%) ба кишварҳои поёноб рост меояд. Табиист, ки дар ин маврид бе ҳамкории мутақобила ва судманд ҳалли масъалаҳои марбут ба об имконнопазир мегардад. Ҳамчунин дастрасӣ ба об барои таъмини аҳолӣ бо оби нўшокӣ ва шароити хуби беҳдошт, обёрии кишоварзӣ, таъмини неруи барқ, таъмини талаботи саноат, моҳидорӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишварҳои минтақа нақши калидӣ дорад. Имрўзҳо тақрибан 27 фисади неруи барқи минтақа аз ҳисоби об истеҳсол мегардад, вале дар Тоҷикистону Қирғизистон ин нишондиҳанда зиёда аз 90 фисадро ташкил мекунад. Неруи барқ дар навбати худ асоси рушди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷои кор, гармиву рушноӣ ва заминаи ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад.

Дар ин росто соҳаи обёрии кишоварзӣ низ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои минтақа нақши муҳим мебозад. Тақрибан 20 фисади ММД-и кишварҳо аз ҳисоби кишоварзӣ ба даст омада, қариб 70 фисади аҳолии деҳоти минтақа маҳз дар соҳаҳои марбут ба кишоварзӣ шуғл меварзанд. Бо назардошти нуқтаҳои мазкур Даҳсолаи нав бо ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа метавонад барои кулли кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатовар бошад.

Умед аст, ки дар ин давра кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз имкониятҳои фароҳамшаванда барои рушди устувори худ ва минтақа самаранок истифода хоҳанд кард.

-Ташаккур барои суҳбати самимӣ

-Саломат бошед

 

Мусоҳиб

Лайло ТОИРӢ

Январь 4, 2017 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»