Табибони «Истиқлол» таъкидҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор додаанд
ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» вобаста ба Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласа баргузор гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти маҷмаа хабар доданд, директори муассисаи мазкур, академики Академияи илмҳои тиббии ҷумҳурӣ Каримхон Қурбонов иброз дошт, ки кормандони Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» оид ба Паёми Пешвои миллат хушбин буда, ҳар як таъкиди Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри дар амал татбиқ намудани он кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Инчунин дар ҷаласа вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Олим Бобоев оид ба рушди соҳаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ибрози назар карда, баён дошт, ки рӯз аз рӯз сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардида, шумораи соҳибкорон ва корхонаҳо меафзояд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Эмомалӣ Насриддинзода эълон гардидани соли 2017 — ро ҳамчун соли ҷавонон барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон дар ин сол фоли нек номид.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






