Тамошои «Қасри Арбоб» ҷавононро ба сайри таърих бурд

Январь 4, 2017 17:11

ДУШАНБЕ, 04.01.2017. /АМИТ Ховар/. Ба иштирокдорони дуюмин лагери зимистонаи ҷумҳуриявии «Мактаби рушди волонтёрони ҷавон», ки дар мавзеи Шоҳини шаҳри Гулистон қарор доштанд, муяссар гардид аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва таълимии вилояти Суғд дидан намоянд.
Онҳо нахуст бо хонандагони Мактаби президентии шаҳраки Бӯстони шаҳри Хуҷанд вохӯрда, «Қасри Арбоб», ки ёдгории таърихии замони соҳибистиқлолии кишвар аст, инчунин боғи Камоли Хуҷандӣ, дигар мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва маишии шаҳри Хуҷандро тамошо карданд.
Барои истироҳаткунандагони лагери зимистонаи ҷумҳуриявии «Мактаби рушди волонтёрони ҷавон» махсусан тамошои «Қасри Арбоб» -и хоҷагии ба номи Саидхуҷа Урунхуҷаеви шаҳри Хуҷанд ҷолибу хотирмон буд. Зеро онҳо аз маконе дидан намуданд, ки дар он ҳассостарин давра дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор гардида, ба сулҳу амнияти кишвари мо ибтидо гузошт.
Хотиррасон менамоем, ки лагери мазкур бо иштироки 100 нафар ҷавонони фаъол, аз ҷумла волонтёрони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Клуби волонтёрони назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, гирандагони Стипендияи президентӣ, рўзноманигорони ҷавон ва ҷавонони ташаббускор аз шаҳру ноҳияҳои кишвар аз 28 декабри соли 2016 то 3 январи соли 2017 идома ёфта, дар ҷараёни он барномаҳои гуногуни илмӣ, маърифатӣ, интерактивӣ, варзишӣ, фарҳангию фароғатӣ, сайёҳат ба мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, иштирокдорон бо роҳбарони сохторҳои гуногуни давлатӣ мулоқот намуданд.

Январь 4, 2017 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад