Ташхис ва табобати бемории сил дар Тоҷикистон пурра ройгон аст
ДУШАНБЕ, 3.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва котиботи эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла Восеъ, Ёвон, Вахш ва Рӯдакӣ вохӯрӣ доир гардид. Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар хабар доданд, ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриҳо, пеш аз ҳама, ҳамгироии муассисаҳои зидди бемории сил, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ҳамкории байнисоҳавӣ миёни хадамоти тиббӣ ва дигар шуъбаҳои дахлдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Сафар Наимов, роҳбари лоиҳаҳо доир ба пешгирии бемориҳои сил ва котиби эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» дар робита ба ин мавзӯъ чунин гуфт: «Ташхис ва табобати бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон пурра дастрас мебошад. Мушкилоте, ки дар кишвар садди роҳи ноил шудан ба муваффақият дар мубориза бо бемории сил мегардад, ин муроҷиати дери шахсони гирифтори бемории сил ба духтурон мебошад. Инчунин танаффус дар табобат, тамом накардани курси табобат ба таври зарурӣ аз сабабҳои афзоиши шакли мутобиқгаштаи сил ва шакли васеи мутобиқгаштаи он (ШМС, ШВМС) мегардад».
Аз рӯи тадқиқоте, ки котиботи эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» гузаронид, сабабҳои асосии муроҷиати дери шахсони гирифтори бемории сил ба духтур- ин норасоии маълумот оид ба нишонаҳои бемории сил, надоштани маблағ ва ҳарос аз доғгузорӣ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






