Ташкили гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби фаъолон дар Ёвон
ЁВОН, 06.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид 21 декабри соли 2016 қабул шудани қатънома оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 зимни ҷамъомад дар ноҳияи Ёвон баррасӣ гардид.
Иштирокчиёни ҷамъомад оид ба тамоми паҳлӯҳои Паём андешаронӣ намуда, аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани қатънома оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро хуш пазируфтанд.
Дар ҷамъомад қарор кабул гардид, ки барои баррасии Паём ва иқдоми навбатии Тоҷикистон бобати эълони Даҳсолаи об гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби фаъолон ташкил шуда, дар ҷамоатҳо ва деҳот суҳбату вохӯриҳо доир карда шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






