Таъсиси медали ҷашнӣ
ДУШАНБЕ,19.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 25 — умин солгарди таъсиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 январ таҷлил мегардад, медали ҷашнии «25- солагии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.
Бо медали ҷашнии «25 солагии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсони мансабдори мақомоти гумруки кишвар, ки дар фаъолияти хизматӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гардидаанд, инчунин кормандоне, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ шуҷоатмандӣ ва фидокорӣ нишон дода, дорои интизоми намунавианд ва дар таъмини ҳимояи манфиатҳои иқтисодии кишвар нақши босазо гузоштаанд, мукофотонида мешаванд.
Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо медали ҷашнии «25-солагии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамзамон кормандони дигар вазорату идораҳое, ки бо мақомоти гумрук барои амалигардонии вазифаҳои дар назди мақомот гузошта шуда ҳамкорӣ доранд, сарфароз мегарданд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






