Теъдоди тамошобинони театрҳои кишвар 8 фоиз зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз дошт, ки дар кишвар 18 муассисаи театрии касбӣ фаъолият доранд. Теъдоди тамошобинони театрҳои кишвар дар соли 2016 8 фисад афзудааст. Ба гуфтаи Ш. Орумбекзода, 8 фисад афзудани тамошобинони театрҳои кишвар кам бошад ҳам, мо дар ин самт роҳҳои гуногуни ҷалби тамошобинон ба театрро ҷустуҷӯ дорем.
«Ҳоло дар мамлакат 18 муассисаи театрии касбӣ, 5 муассисаи консертӣ, 95 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат, аз ҷумла, 3 мактаби олӣ, 6 коллеҷи санъат, фарҳанг, хореографӣ ва рассомӣ, 2 мактаб- интернати махсуси миёнаи мусиқӣ ва санъати ҷумҳуриявӣ, 84 мактаби бачагонаи мусиқӣ, санъат ва рассомӣ фаъолият доранд»,-илова кард Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






