Терроризм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ДУШАНБЕ, 16.01.2017 /АМИТ Ховар/. 13-14 январи соли равон дар шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода таҳти унвони «Иштироки ҷавонон дар бартарафсозии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ» суҳбат доир гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Исмоил Шерхонов, сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зикр намуд, ки «терроризм яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир буда, хатари минтақавию байналмилалиро ба миён овардааст. Имрӯз мо, ҷавононро лозим меояд, ки бо масъулият ва дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ҷомеаро аз оқибатҳои бади ин амалҳои номатлуб эмин нигоҳ дорем».
Ҳамоиши мазкур дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» доир гардида, баргузории чунин суҳбатҳо дар ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ низ дар назар аст.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






