То 13 январ кишварро ҳавои сард фаро мегирад

Январь 12, 2017 09:16

ДУШАНБЕ, 11.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 11 ва 13 январ кишварро ҳавои сард фаро гирифта, ҳарорати ҳаво дар аксар минтақаҳои кишвар поин мефарояд. Ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеи марказ ва ВМКБ аз 13 то 18 дараҷа сард хоҳад шуд.
Дар ин бора аз Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо бориши борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2 дараҷа хунук ва рӯзона аз 6 то 8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 12 то 17 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо то 20-25 ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 32-37 ва рӯзона аз 14 то 19 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар минтақаи Булункул шабона то 50 дараҷа ва рӯзона 15-20 дараҷа сардӣ пешгӯйӣ мешавад.
Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо бориши борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо бориши борону барф пешгӯйӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона то 5 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан бориши барфу борон ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона аз 9 то 14, дар баъзе ҷойҳо то 20 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа хунук хоҳад шуд.

Январь 12, 2017 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад