Тоҷикистон дар ойинаи таърих ва дурнамои муносибатҳои он бо Миср
ДУШАНБЕ, 18.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. 16 январи соли 2017 дар Маркази пажӯҳишҳои сиёсӣ ва расонаии Ҳивор дар Қоҳира дар мавзӯи Тоҷикистон дар ойинаи таърих ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Миср симпозиум баргузор гардид, ки дар он донишмандон, пажӯҳишгарон, фарҳангиён ва рӯзноманигорони мисрӣ иштирок карданд. Дар ин бора аз Сафорати Точикистон дар Миср хабар доданд.
Симпозиум бо суханрониҳои ноиби раиси Маркази Ҳивор доктор Муҳаммад Талъат, муовини мудири факултаи забонҳои Донишгоҳи Суҳоҷ доктор Носир Ҳаҷҷӣ, устоди забони форсии Донишгоҳи канали Суэз доктор Рифъат Ҳусайн, раиси бахши пажӯҳишҳои осиёии Маркази Ҳивор Аҳмад Таробик ва сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ оғоз гардида, сипас дар байни ширкаткунандагони ҳамоиш мубодилаи озоди афкор пиромуни мавзӯъ сурат гирифт.
Дар симпозиум сафири кишвари мо ба ширкаткунандагони симпозиум дар бораи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ A/RES/71/222 таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки дар иҷлосияи 71-уми Маҷмаи Умумии СММ 21 декабри 2016 бо иттифоқи оро қабул гардид, маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ба ин муносибат таъкид гардид, ки қатъномаи мазкур ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи об буда, ба рӯйхати бониёни ин қатънома 177 кишвари узви СММ, аз ҷумла Миср пайвастанд.
Кори симпозиуми мазкур дар расонаҳои мисрӣ бозтоб гардид.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






