«Тоҷикстандарт» воридоти равғани нахл ва маҳсулотеро, ки навъашон дар ҷумҳурӣ бо сифати баланд истеҳсол мешавад, маҳдуд мекунад

Январь 13, 2017 15:36

Стандарт (2)ДУШАНБЕ, 13.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик воридоти баъзе маҳсулоти ба бозори истеъмолӣ лозимнабуда, аз қабили равғани нахл, инчунин маҳсулотеро, ки навъашон (ҳаммонандашон) дар ҷумҳурӣ бо сифати баланд истеҳсол мешаванд ва талаботи бозорро пурра  қонеъ гардонида метавонанд, маҳдуд намояд. Дар ин бора директори  Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ибодулло Қурбониён имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Тавре Ибодулло Қурбониён зикр намуд, ин тадбир бо назардошти пурзӯр гаштани назорати бозори истеъмолӣ ва дар асоси талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии қабулгардида андешида шудааст.
Бино ба маълумоте, ки аз ҷониби роҳбарият пешниҳод гардид, бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти бозичаҳои пластикии бесифат ва хатарнок, ки асосан аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид карда мешаванд, нозирони Агентии  «Тоҷикстандарт» дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдо санҷиш гузаронида, ба миқдори зиёда аз 13 000  дона бозичаҳои ба тариқи қочоқ ба қаламрави кишвар воридшударо ошкор карда, аз муомилот гирифтанд.
Роҳбари Агентӣ ҳамчунин илова намуд, ки нисбат ба воридкунандагон ва соҳибкороне, ки ин бозичаҳоро бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат ва бехатарӣ ба муомилот баровардаанд, мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар айни замон корҳо дар ин самт идома доранд. Ҳамзамон  дар ин самт дар асоси дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар 27 ҳолат нисбат ба бозичаҳо барои чораҷӯӣ хулосаи ташхисии ғайристандартӣ пешниҳод карда шудааст.

Январь 13, 2017 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад