То охири ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст

Январь 5, 2017 11:27

ДУШАНБЕ, 5.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ ба сокинони кишвар то охири ҳафта аз ҳавои бебориш ва баландшавии ҳарорати ҳаво хабар медиҳанд. Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебоориш шуда, дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст.
Имрӯз дар пойтахти кишвар ҳаво тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 8 то 10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо барфи кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят то 5 дараҷа гарм шуда, дар шарқи он аз 6 то 11 дараҷа хунукӣ дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва дар баъзе ҷойҳо боридани барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 3 то 8 дараҷа гармӣ пешгӯйӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад.

Январь 5, 2017 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад