Умед Зоҳирзода пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи неруи барқро талаб кард

Январь 19, 2017 11:59

сарбандҚӮРҒОНТЕППА, 19.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сарбанд бо иштироки муовини раиси вилоят Умед Зоҳирзода оид ба сари вақт ҷамъ овардани ҳаққи истифодаи неруи барқ, ба кор даровардани корхонаву коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда, беҳтар кардани ҳолати нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ дар фасли зимистон, бастани шартнома бо корхонаҳои дӯзандагӣ, ки истеҳсоли либосҳои мактабии ватаниро ба роҳ мондаанд, ҷаласа доир гардид. Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ — таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ҷаласа инчунин дар бораи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфтанд. Умед Зоҳирзода аз ҷумла изҳор дошт, ки тибқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ давлати мо аз кишвари аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил мегардад. Аз ин рӯ, ҷоннок намудани фаъолияти коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ ва ба роҳ мондани дӯхти маҳаллии либосҳои ягонаи мактабӣ ба мақсад мувофиқ аст. Тадбирҳои андешидашуда дар ин самт барои таъмини занон бо ҷойи кори доимӣ ва даромади иловагӣ ба буҷети шаҳр нақши муҳим мегузоранд.
Умед Зоҳирзода ҳамчунин ба масъалаҳои ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шахсони бешуғл, ҷараёни зимистонгузаронӣ, таъмири роҳҳо, истифодаи самараноки неруи барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз масъулини дахлдори шаҳр ва ташкилоту муассисаҳо хост, то барои беҳтар намудани вазъ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Январь 19, 2017 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд