Қурбониён: «Мо низ дар байни мардум ҳастем ва вазъи бозори истеъмолиро меомӯзем»
ДУШАНБЕ, 14.01.2017/АМИТ «Ховар»/. «Мо низ дар байни мардум ҳастем ва на танҳо барои харидории маҳсулот, балки омӯзиши вазъи бозори истеъмолӣ қариб ҳар ҳафта аз бозорҳои истеъмолии кишвар» боздид ба амал меорем», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Ибодулло Қурбониён, директори Агентии «Тоҷикстандарт».
Мавсуф афзуд, ки ҷиҳати омӯзиши камбудию норасоиҳо, ки дар бозорҳои истеъмолии кишвар вуҷуд доранд, ҳар рӯзи якшанбе бо муовинон ба бозорҳо рафта, бо вазъ ва сифати маҳсулот, ки дар бозорҳои истеъмолии кишвар ба фурӯш гузошта шудаанд, аз наздик шинос мегардем. Баъдан бобати рафъи камбудию норасоиҳои ҷойдошта дар ҷаласаҳои корӣ дар назди сардорони Раёсатҳо ва шуъбаҳои Агентии «Тоҷикстандарт» масъалагузорӣ менамоем.
Ҳамзамон Ибодулло Қурбониён афзуд, ки кормандону мутахассисони воҳидҳои Агентии «Тоҷикстандарт» фаъолияти худро дар партави дастуру супоришҳо ва Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар ба роҳ монда, дар тақвияти назорати бозори истеъмолӣ ҷиҳати пешгирии воридоти маҳсулоти бесифат ва хатарнок, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва дар ин замина саҳм гузоштан дар татбиқи яке аз се ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- таъмини амнияти ғизоии мамлакат нақши муассир мегузоранд.








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд






