Усмон Қаландаров: «Агар қатораҳои Тоҷикистон аз роҳи оҳани Тошгузар-Бойсун гузаранд, вақти ҳаракат қариб як шабонарӯз кам хоҳад шуд»
ДУШАНБЕ, 24.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
«Дар ҷаласаи байнҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, намояндагони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» низ иштирок намуданд. Дар он масъалаҳои кушодани роҳи оҳани Амузанг, паст кардани тахфифҳо, пешниҳод кардани тахфифҳо оид ба боркашонӣ ва мусофирбарӣ баррасӣ гардиданд. Доир ба ин масъалаҳо гуфтушунид давом дорад ва боварӣ дорам, ки ҳалли худро меёбанд»,- иброз дошт Усмон Қаландаров, муовини Сардори «Роҳи оҳани Тоҷикистон».
Номбурда инчунин иброз дошт, ки бо гузаштани қатораҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо роҳи оҳани Тошгузар-Бойсун, ки аз Туркманистон намегузарад, гузаргоҳҳо кам мешаванд, вақти бурдани мусофирон кӯтоҳ мешавад. Агар қатораҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз роҳи мазкур гузаранд, вақти ҳаракати он ба самти Душанбе-Москва ё Москва-Душанбе қариб як шабонарӯз кам хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






