Вакили мардумӣ дар ҷамоати деҳоти Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод нуктаҳои асосии Паёмро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ҷамоати деҳоти Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Асозода ва гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати баррасии нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ҷамоат вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси ҷамоати деҳоти Қалъаи дашти ноҳия Зебунисо Шарипова иттилоъ дод.
Дар ҷамъомад меҳмонон оид ба Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саривақтӣ буда, сиёсати берунию дохилии кишварро дар бар мегирад, сухан гуфтанд.
Зикр шуд, ки Паёми имсола ҳадафҳои асосии стратегияи давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, суботи сиёсию иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллиро дар бар гирифта, барои сокинони мамлакат дастурамали муҳими фаъолият маҳсуб мешавад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






