Вазири маориф ва илм: «Тоҷикистон аз ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои ҷаҳон ворид шуд»

Январь 9, 2017 16:02

maorif-1ДУШАНБЕ, 09.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамъбасти олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика, ки имсол дар кишвари Руминия баргузор шуд, Тоҷикистон ҷои ҳафтумро ишғол карда, аз ҷиҳати иштирок ва сазовор шудани ҷойҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои ҷаҳон ворид шуд. Дар ин бора имрӯз Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷкистон Нуриддин Саид зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.
Тавре Нуриддин Саид зикр кард, аз аввали соли 2016 то имрӯз хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар олимпиадаҳои 15 кишвари дунё иштирок намуда, соҳиби 133 медал: аз ҷумла 21 медали тилло, 33 медали нуқра ва 79 медали биринҷӣ шуданд.
«Дар байни 30 кишвар хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе Комила Шаҳидова аз фанни забони русӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардид»,-илова намуд Нуриддин Саид.

Январь 9, 2017 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад