Вазорати фарҳанг: Корҳои омодагӣ ба пешвози ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2016 ва самтҳои минбаъдаи афзалиятноки рушди соҳаи фарҳангу санъат ва табъу нашр дар соли 2017 баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд.
Ҳайати мушовараи вазорат бобати таъмини рушди фазои ягонаи фарҳангии мамлакат, фароҳам овардани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ, тағйироти иҷтимоию фарҳангӣ дар мамлакат, такмили фаъолият, беҳтар намудани сифату самараи фаъолияти муассисаҳои эҷодӣ-касбӣ, таълимӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, табъу нашр, рушди таҳқиқоти илмӣ, таъминоти методии фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ташаккули маънавии ҷомеаи stop-ed-meds.com Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини амнияти фазои иттилоотии кишвар қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар ҷаласа Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, 20-солагии Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва рӯзҳои фарҳанг ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеъ дастуру супоришҳои қатъӣ дода, оғози корҳои омодагиро ба пешвози ин санаҳои муҳими кишвар таъкид сохт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






