Вазорати корҳои дохилӣ натиҷаҳои фаъолияташро барои хабарнигорон бозгӯӣ мекунад

Январь 19, 2017 17:55

ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ Ховар/. Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои шашмоҳа ва солонаи фаъолият доир карда мешаванд, идома доранд.
Пагоҳ, 20 январ нишастҳои матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги ҶТ, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва Донишкадаи молия ва иқтисод баргузор мешаванд.
Нишасти хабарии Вазорати корҳои дохилӣ соати 11 дар толори бинои ВКД, Вазорати фарҳанги ҶТ соати 9:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар», Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ соати 9:00 дар бинои нозироти андозсупорандагон (назди собиқ Вазорати мелиоратсия), Донишкадаи исломии Тоҷикистон соати 10 дар толори донишкада ва Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон соати 14.00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» доир мегарданд.
Барои гузаронидани нишастҳои матбуотӣ вазорату идораҳо метавонанд бо Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» бо рақами телефони 918-21-52-04 тамос гиранд.

Январь 19, 2017 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд