Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва «Барқи тоҷик» хабарнигоронро ба нишасти матбуотӣ даъват менамоянд
ДУШАНБЕ, 30.01.2017. /АМИТ Ховар/. Пагоҳ, 31 январи соли 2017 Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва ШСХК «Барқи Тоҷик» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Бо иштирок дар ин нишастҳои матбуотӣ хабарнигорони ВАО имкон доранд, ки ба суолҳои худ оид ба дастоварду камбудиҳои фаъолияти ин соҳаҳо дар соли 2016 аз роҳбарони аввали сохторҳои мазкур посух гиранд.
Нишастҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10:00 дар бинои худи Вазорат, Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соати 11:00 дар толори Маркази матбуоти «Ховар» ва ШСХК «Барқи Тоҷик» соати 16:00 дар бинои ширкати мазкур баргузор мегарданд.
Барои гузаронидани нишастҳои матбуотӣ вазорату идораҳо метавонанд бо маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» бо рақами телефони 918-21-52-04 тамос гиранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






