ВКД: дар давраи таътили зимистонаи хонандагон амалиёти «Оворагард» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 10.01.2017. /АМИТ Ховар/. Барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз 1 то 31 январи соли 2017 таътили зимистона муқаррар гардидааст. Дар бисёр ҳолатҳо мушоҳида мешавад, ки ноболиғон аз рӯзҳои таътили зимистона истифода намуда, ба ҳар гуна амалҳои беҳуда ва ё зараровар машғул мешаванд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои ба талбандагиву оворагардӣ ва дигар аъмоли нолоиқ даст задани насли наврас давоми моҳи январи соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалиёти «Оворагард» гузаронида мешавад. Аз ҷумла, дар рӯзҳои аввали баргузории он аз тарафи кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳолатҳои зиёди машғул шудани ноболиғону ҷавонони беҳудагард ба бозиҳои компютерии дорои хусусияти зӯроварӣ муайяну ошкор шуданд.
Амалиёти мазкур, пеш аз ҳама, бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амалӣ карда мешавад.
Зимни амалиёт ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи ин қонун аз тарафи волидони ноболиғон ошкор гардид. Аз ҷумла, маълум гардид, ки ноболиғони зиёд рӯзонаву шабона бе назорат дар кӯчаву хиёбонҳо гаштугузор намуда, аксаран ба корҳои зараровар, хусусан ба ҳар гуна бозиҳои компютерӣ, ки боиси ҷой гирифтани рафтору кирдорҳои бадахлоқона ба тафаккури насли наврас мегарданд, машғул мешаванд. Дар бештари маврид маҳз беҳудагардиву дур аз назорати падару модар будани ноболиғон боиси ба роҳи хато рафтани онҳо мегарданд.
Нисбат ба волидони он ноболиғону ҷавононе, ки зимни ин амалиёти пешгирикунанда боздошту ба шуъбаи милитсия дастрас мешаванд, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ тадбирҳои таъсирбахш андешида мешаванд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






