Яке аз кӯчаҳои Душанбе номи Суҳроб Шарифовро гирифт
ДУШАНБЕ, 19.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 январ кӯчаи Шаумяни шаҳри Душанбе ба номи яке аз сиёсатшиносони шинохтаи кишвар, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Шарифов гузошта шуда, ҳамзамон парда аз рӯи лавҳаи ёдгории Суҳроб Шарифов бардошта шуд.
Дар маросими пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи ёдгории Суҳроб Шарифов вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсатшиносон, аҳли зиёи кишвар ва дӯстону пайвандони марҳум ширкат намуда, доир ба ҳаёту фаъолияти Суҳроб Шарифов сухан карданд.
Бояд тазаккур дод, ки Суҳроб Шарипов ду сол муқаддам дар ҳамин рӯз, яъне 19 январи соли 2015, бар асари бемории камхунӣ дар 52 -солагӣ аз олам даргузашт.
Марҳум Суҳроб Шарифов дар тӯли умри кӯтоҳи худ ҳамчун сиёсатшиноси намоён ва ходими давлатӣ дар пешбурди бахшҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон фаъолият намуда, аз худ даҳҳо мақола ва рисолаю китобҳои илмӣ ба ёдгор гузошт. Суҳроб Шарифов дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ — мудири шуъбаи сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, то охири умраш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






