З. Назирӣ: «Хуаксин Ғаюр-Суғд семент» барои ба ноҳияи саноатию аграрӣ табдил ёфтани ноҳияи Б.Ғафуров замина гузошт»

Январь 20, 2017 14:57

Б.ҒАФУРОВ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 корхонаҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 612,1 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 276,3 млн. сомонӣ зиёд аст. Дар ин бора Зариф Назирӣ, раиси ноҳия зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ҳамчунин давоми соли 2016 дар ноҳия 10 адад корхонаи нави саноатӣ бо фарогирии 495 ҷои корӣ ба истифода дода шуд. Фаъолгардии коргоҳи нави азими муштараки «Хуаксин Ғаюр-Суғд семент» ба ноҳияи саноатию аграрӣ табдил ёфтани ноҳия замина гузошт. Дар ин замина, қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2016 101,4 фоиз иҷро гардид.
З.Назирӣ оид ба омодагиҳо ба таҷлили 20 — солагии Ваҳдати миллӣ баён дошт, ки дар ин самт дар ноҳия корҳои ташкиливу омодагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ҷараён гирифта, тибқи он сохтмони чанд иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Январь 20, 2017 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд