Заробиддин Қосимӣ бо Юсуф ибни Иброҳим ал-Бассом доир ба афзун намудани ҳаҷми дастгирии молиявии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон суҳбат карданд
ДУШАНБЕ, 13.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо ноиби раис, мудири иҷроии Сандуқи Саудии рушд Юсуф ибни Иброҳим ал-Бассом мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар доданд.
Дипломати тоҷик дар оғози суҳбат ба роҳбарияти мамлакат ва сандуқи мазкур барои дастгириҳои пайваста аз рушду нумуи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, ки аз тариқи маблағгузории имтиёзии лоиҳаҳои гуногун сурат мегирад, арзи сипос кард.
Ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои ҳамкорӣ ва афзун намудани ҳаҷми дастгирии молиявии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






