Заррина Рўзиева «Мураббии соли Тоҷикистон» интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 18.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дарёфт ва интихоби мураббиёни боистеъдоду навовар, эҷодкору ботаҷриба, мусоидат ба рушди фаъолияти кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадам, қадрдонии меҳнати мураббиён ва баланд бардоштани мақому манзалати маорифчиён дар ҷомеа аз 10 то 12 январи соли равон дар заминаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва муассисаи таҳсилоти томактабии №45-и шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, озмуни мазкур аз рӯи 6 шарт, аз ҷумла машғулияти таълимӣ, суҳбат, тасвир ва сохтани манзара, ҳолатҳои равонию педагогӣ ва муаррифии таҷрибаи корӣ доир шуда, дар он 4 нафар ғолибони даври сеюм аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат варзиданд.
«Заррина Рўзиева, мураббии кўдакистони президентии шаҳри Хуҷанд бо нишондоди аз ҳама баланд ғолиби озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон 2016» дониста шуд. Ҳамаи иштирокдорони даври ҷумҳуриявии озмун бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», туҳфаҳои хотиравӣ ва ғолиб бо мукофотпулӣ ба маблағи 2000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи иштирокдорон туҳфаҳои пулӣ ва роҳхат ба истироҳатгоҳҳо супурда шуданд»,- иттилоъ доданд аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






