Зевар Давлатзода: «Барои мутахассиси ҳақиқӣ иваз гардидани роҳбар мушкилӣ пеш намеорад»
ДУШАНБЕ, 11.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз нишасти матбуотии Муассисаи давлатии Телевизиони «Сафина» аз суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ва посухи роҳбарияти муассисаи мазкур оғоз гардид.
Зимни посух ба суолҳои рӯзноманигорон Зевар Давлатзода зикр кард, ки дар соли 2016 Муассисаи давлатии Телевизиони «Сафина» тамоми воқеаву рӯйдодҳои фарҳангии кишварро тавассути гузоришу хабар, мусоҳибаву барномаҳои таҳлилӣ инъикос намуда, дар баробари барномаҳои нақшавӣ бештар аз 30 лоиҳаи нави барномаҳои нави телевизионӣ, аз қабили «Ҳушманд», «Танин», «Эҳсос», «Бомаза», «Тақвим», «Ту метавонӣ», «Модари ҷавон», «Ситораи торнамо», «Ҷамъу тарҳ», «Чеҳра», «Масир», «Қатрае аз илм», «Модарнома», «Бардошт», «Интихоб», «Зӯри зеҳн», «Фарҳанги муосир», «Эъҷози эҷод», «Фасли иршод», «Қофилаҳо», «Дунё пур аз ҷавонист», «Моҳият», «Меҳвар», «Тавозун», «Таҳқиқ», «Ёрии таъҷилӣ», «Муҳофизони Ватан», «Шабҳангом», «Завқи дил», «Шом ба хайр» ва ғайраҳо дар жанрҳои гуногун пешниҳоди тамошобинон гардиданд.
Зевар Давлатзода ба суол дар мавриди дар давраи роҳбарии ӯ аз кор рафтани журналистон посух дода, зикр кард, ки барои мутахассиси ҳақиқӣ иваз гардидани роҳбар мушкилӣ пеш намеорад. Дар ин муддат онҳое аз кор рафтанд, ки тариқи шартнома дар муассисаи мазкур кор мекарданд. Аксари онҳо ҷойи кори асосӣ доштанду талаботи корро ба ҷо оварда натавонистанд, яъне касбияти баланди журналистӣ нишон дода натавонистанд.
Зевар Давлатзода зимни посух ба суол дар бораи кам будани барномаҳои ҳаҷвӣ дар МД Телевизиони «Сафина» иброз дошт, ки аз ҷониби ҳайати эҷодии муассиса бобати рафъи ин норасоӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Чандин идеяҳои нави кормандони эҷодӣ дар ин маврид пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор доранд.













Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






