Зиёда аз 250 нафар донишҷӯёни ВКД дар хориҷа таҳсил мекунанд

Январь 20, 2017 15:02

ВКД (2)ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос зиёда аз 250 нафар донишҷӯёни хешро барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристонидааст. Ин суханонро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иброз дошт.
Рамазон Раҳимзода зикр намуд, ки ВКД ҷиҳати омодасозии мутахассисони ҷавон бо дигар муассисаҳои олии кишварҳои хориҷ ҳамкориро ба роҳ мондааст. «Ҳамкории мо асосан бо Вазорати корҳои дохилии Россия ва кишварҳои ҳамсоя барои тайёр кардани кадрҳо мебошад. Ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Россия, ки Мушовараи якҷоя дорем ва дар доираи ин мушовара ҳамаи самтҳои ҳамкории мо баррасӣ мешавад, аз ҳама зиёд аст. Зиёда аз 200 нафар донишҷӯёни мо дар Россия барои сохтори мақомоти корҳои дохилӣ таҳсил мекунанд ва зиёда аз 50 нафар дар ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил карда истодаанд».
Инчунин иброз гардид, ки дастаи динамочиёни ВКД дар 12 мусобиқаи шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва 6 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 16 медали тилло, 10 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ гардиданд.

Январь 20, 2017 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд