150 000 сомонӣ мукофот барои ғолиби «Хомаи созанда-2017»

Февраль 22, 2017 17:28

ДУШАНБЕ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд барои беҳтарин маводи журналистӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят дар бахшҳои «Соли ҷавонон» ва масъалаҳои актуалии ҷомеа», «Масъалаҳои марбут ба рушди кишоварзӣ», «Масъалаҳои марбут ба саноат, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ», «Соли 2017- соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ», инчунин «Инъикоси дастовардҳои Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар расонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ» озмуни «Хомаи созанда-2017» гузаронида мешавад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар асоси низомномаи тасдиқгардида ҳар як иштирокчии озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 5 мавод пешниҳод намояд. Дар озмун ба онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ силсиламавод омода кардаанд, бартарӣ дода мешавад. Муҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок дар озмун аз 1 то 20 октябри соли 2017 муқаррар карда мешавад.
Барои ғолибон маҷмӯан 150 000 сомонӣ мукофот тақдим карда мешавад.

Февраль 22, 2017 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад