40 фоизи кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро кадрҳои ҷавон ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 15.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Меҳнат»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳадафҳои созандаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 баррасӣ намуд.
Муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода таъкид кард, ки сиёсати давлатии ҷавонон аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, тамоми шароити мусоид барои таҳсил, кор ва зиндагии арзанда фароҳам оварда шудааст. Мавсуф зикр намуд, ки айни замон синни миёнаи кормандон дастгоҳи марказии вазорат 39,5 сол мебошад ва 40 фоизи кормандони онро кадрҳои ҷавон ташкил медиҳанд, ки ин неруи бузург аст.
Зикр шуд, ки дар ин санади сарнавиштсоз оид ба вусъат додани шуғли аҳолӣ ва кам кардани шумораи бекорон, хусусан дар байни ҷавонон, аз ҳисоби рушди соҳаҳои кишоварзӣ, коркарди маҳсулот, саноати сабук, хўрокворӣ, масолеҳи сохтмон, кимиё, маъдан ва хизматрасониҳои нақлиёту алоқа, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ ҳамасола на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода мешаванд. Дар панҷ соли оянда фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ равона шуда, ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист ва шуғл диққати ҷиддӣ дода мешавад, ки бо назар ба амалӣ гардидани чунин тадбирҳои созанда Тоҷикистон дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ хоҳад шуд.
Дар хусуси омўзишу бозомўзӣ, шаҳодатномакунии малакаҳои касбӣ мутобиқ ба меъёрҳои бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар зикр шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбомўзии калонсолону ҷавонон ва мутобиқсозии сатҳи касбии онҳо ба талаботи бозори меҳнат тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тадбирҳои созанда тадриҷан амалӣ мегарданд.
Дар ҷамъомад кормандони ҷавони дастгоҳи марказии вазорат тасмим гирифтанд, ки Соли ҷавононро дар ҳамдастӣ бо кулли кормандони соҳа дар сатҳи волои ифтихор аз ватану ватандорӣ ҷашн гиранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






